Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро ба Мудири кулли идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Покистон супорид

Июнь 12, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода нусхаи эътимодномаро ба Мудири кулли идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Типу Усмон супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо масъалаи ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи рушди минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Мудири кулли идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Типу Усмон ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода барои тавсеа ва густариши ҳамкории нек байни ду мамлакати дӯст муваффақият таманно намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Июнь 12, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд