Соҳибкори ватандӯст аз шаҳри Истаравшан 550 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаҷи аҳли оиларо барои кофтани чоҳи амудии оби нӯшокию полезӣ сарф намуд

Июнь 2, 2024 09:49

СУҒД, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори ватандӯст Шосаид Саъдуллоев аз Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан 550 ҳазор сомонӣ маблағи ба нияти сафари Ҳаҷ ҷамъовардаи аҳли оиларо ба кофтани чоҳи амудии оби нӯшокию полезӣ сарф намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» раиси ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан Муродҷон Сангинов хабар дод.

Дар Ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан барои истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинӣ барои ободонию созандагӣ таҳия гардида, то имрӯз зиёда аз 35 иншоот, аз қабили бунёди бинои маъмурии ҷамоати деҳот, шуъбачаи кормандони бахши бехатарӣ ва амният, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, боғчаву кӯдакистон, иншооти хизматрасонию маишӣ, фарҳанг ва варзиш, мумфаршкунии роҳҳои калони нақлиётгарди байни деҳаҳо ва кофтану мавриди истифода қарор додани чоҳҳои амудӣ ҷиҳати бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардонидани аҳолӣ ва ба кор андохтани мазрааҳои бекорхобида ба субот расонида шуд.

Ҳамкории мустақими давлат бо бахши хусусӣ дар шаҳри Истаравшан натиҷаи амалишавии сиёсати ободгаронаи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат шуморида мешавад.

Бояд гуфт, ки аз сабаби танқисии оби полезӣ сокинону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаҳои Боғикалон ва Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан наметавонистанд даҳсолаҳо 40 гектар замини киштшавандаашонро пурсамар истифода карда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнида, сатҳи зиндагию фароғаташонро беҳтар созанд. Барои амалисозии ниятҳои хеш бошад маблағи казоӣ намерасид. Ин мушкилии ҳамдеҳагонро дида, бародарони соҳибкор Улуғбек ва Шосаид Саъдуллоев, ки барои сафари Ҳаҷи аҳли оила чандин сол инҷониб маблағ ҷамъ меоварданд, азми кофтани чоҳи амудӣ барои баровардани оби полезиро намуданд.

Тавассути омӯзиши маҳал ва амалисозии Барномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” бародарони соҳибкор дар мавзеи Боғикалон бо харҷи 550 ҳазор сомонӣ ва истифодаи техникаву таҷҳизоти муосир чоҳи амудӣ кофта, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин робита дар баландии заминҳои обёришаванда ҳавзи калони обнигоҳдорӣ ва тақсимкунанда бино намуда, соҳибкорон барои то сари мазрааҳои киштшаванда дастрас намудани оби полезӣ ба масофаи 920 метр облӯлаҳои қутраш 125 мм хобониданд ва ба ин восита 40 гектар замини бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ дароварданд.

Ҳоло аз умқи чоҳи амудӣ дар ҳар сония 30 литр оби мусаффо фаввора зада, то мазрааҳои ташналаб мерасад. Барои пешгирии талафёбии оби полезӣ бародарони соҳибкор ба андозаи 2,9 километри дигар облӯла харида, то заминҳо васлу насб намуданд.

“Дар ин баробар бо дастгирии масъулини Ҷамоати деҳоти Гули сурх масъалаи эҳтиёҷи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани қариб 5000 аҳолии деҳаҳои Боғикалон ва Бодомзор то андозае ҳалли хешро пайдо кард”,- иброз дошт Муродҷон Сангинов.

Имрӯзҳо аҳолии аҳлу тифоқ ва соҳибкорони ватандӯсти 17 деҳаи Ҷамоати деҳоти Гули сурх кӯшиш доранд, ки ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои муносиб истиқбол гиранд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 2, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид