СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он бо сокинону фаъолони ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир гардид

Июнь 13, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯрии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат иттилоъ доданд.

Вазири адлия изҳор намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Дар ин замина якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати мамлакат аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амалӣ карда мешавад.


Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа буда, он ба масъалаҳои баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану  рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд