СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ба сатҳи маърифату маданияти шахс вобаста аст
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор вохӯрии гурӯҳи кории доимамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Исфандиёр Собирзода изҳор намуд, ки ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар шахс вобаста буда, бинобар ин солим будан бояд талаботи ботинии ҳар инсон бошад.
Дар баробари ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ будан амалӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






