ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июн, чоршанбе, 163-юмин рӯзи соли 2024

Июнь 12, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Маҷористон  рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

 ***

12 июни соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

7 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Таҳкими ҳамкорӣ баҳри расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид.  Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.

***

Соли 2018  дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ноҳияи Варзоб сафар кард. Зимни шиносоӣ бо ин минтақаи туристӣ меҳмонон аз дидани манзараҳои зебову биҳиштосо, дарёча ва шаршараҳои софи кӯҳӣ ба ваҷд омада, аз табиати сабзу насими ҷонбахши ин минтақаи дилрабои Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин  рӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

12 июни соли 2019 ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид. 

***

12 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 5 ошëна бо таҳхона иборат мебошад.

***

Соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

12 июни соли 2021 дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» ба истифода дода шуд. Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

12 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.

***

Дар Русия — иди умумимиллӣ  ё Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.

***

Дар Туркманистон —  Рӯзи илм.

Июнь 12, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш