Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тарбузи зард содирот менамояд

Июнь 24, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони Ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон бо мақсади содирот кишт ва парвариши тарбузи зардро ба роҳ монданд. Талабот ба ин навъи тарбуз дар хориҷи мамлакат хеле зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ иттилоъ доданд.

Тибқи нақша, соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар 790 гектар полезиҳо кишт ва парвариш карданд. Айни замон майдони кишти полезиҳо аз 790 ба 810 гектар расидааст, зеро қисме аз сокинон низ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши он машғул гардиданд.

Соли равон бо истифода аз таҷрибаи андӯхта, соҳибкорону кишоварзони Ҷамоати Золи Зар дар 18 гектар навъҳои гуногуни полезиҳо, аз ҷумла тарбузи сурх, зард ва сиёҳи бедонаро кишту парвариш намуданд, ки дар хориҷи мамлакат харидорони зиёд дорад.

Бо маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагидорон навъҳои санҷидашуда ва серҳосили се навъи тарбузро парвариш намуданд, ки айни замон ҳосили фаровони онро ҷамъоварӣ доранд.

То имрӯз аз заминҳои полезии ноҳия 800 тонна тарбуз ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Айни замон 600 тонна тарбуз ҷамъоварӣ ва банду баст шуда, бо техникаҳои пуриқтидори боркашӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба шаҳрҳои Федератсияи Русия содирот мегардад.


Тарбузи зард истеҳсоли олимони Кореяи Ҷанубӣ буда, дар хориҷи ҷумҳурӣ талабгорони зиёд дошта, аз ҷиҳати таъм ва лаззат ҳамто надорад.

Аз ин рӯ, кишоварзон солҳои оянда нақша доранд, ки майдони кишти тарбузи зардро васеъ намуда, фурӯши онро дар бозорҳои дохилӣ ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки тарбузи зард нахустин маротиба дар вилояти Хатлон зимни намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ — дар Форуми тиҷоратии «Бохтарфуд-2022», ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, намоиш дода шуд.

Зимни намоиш тарбузи зард диққати меҳмонони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, дар ҳамин чорабинӣ аз Русия, Қазоқистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб талабгор пайдо кард.

Ба гуфти кишоварзон, тарбузи зард аз тарбузи сиёҳ ва сурхи бедонак дида ба иқлими вилояти Хатлон мувофиқтар аст. Парваришу нигоҳубинаш аз тарбузи муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надорад. Он бо иқлими вилоят мутобиқ буда, хуб нашъунамо ёфта, ҳосили қаноатбахш дода метавонад. Онро селексионерони хориҷӣ бо роҳи дурага кардани тарбузи оддии сурх бо тарбузи ёбоӣ кашф кардаанд.

Тарбузи зард зоҳиран аз тарбузи муқаррарӣ фарқ намекунад. Пусти тарбузи зард ҳам хатҳои баланди сабз дорад. Он аз рӯйи ҳаҷм ва шакл ба тарбузи оддӣ монанд аст. Лекин онҳоро аз намуди дарунӣ ва таъму бӯй фарқ кардан мумкин аст. Тарбузи зард каме маззаи ананасро дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 24, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст