Вазири адлияи Тоҷикистон дар машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуд

Июнь 7, 2024 16:25

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва  оид ба иқдоми устувори Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ» сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Машварати ёздаҳуми вазирони адлия таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, дар он масъалаи навовариҳо дар фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои минбаъдаи рушди ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар ҷараёни машварат оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нотариат, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ёрии ҳуқуқии ройгон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва экспертизаи судӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Дар Машварати ёздаҳуми вазирони адлия вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои таъмини хизматрасонии босифати давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ» иқдоми устувор ва саривақтӣ андешида, ҳуҷҷатҳои асосии марбут ба ин соҳаро қабул намудааст.

Пас аз ҷамъбасти машварат вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Изҳороти муштарак ба имзо расониданд, ки тибқи он машварати навбатӣ соли 2025 дар Федератсияи Русия баргузор мегардад.

Инчунин дар охири нишаст вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо ибрози аҳаммияти муҳимми рушди ҳамкории байниидоравӣ нақшаҳои чорабиниҳои гурӯҳҳои кории коршиносон оид ба хизматрасонии ҳуқуқӣ ва фаъолияти экспертизаи судиро барои солҳои 2024-2026 тасдиқ намуданд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2024 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар Остона ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд