ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забони миллӣ ва Ваҳдати миллӣ» доир гардид, ки дар он 15 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ пешниҳод гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи забон ва истилоҳот.
Дар конфронс Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки забони миллӣ дар раванди ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ нақши муҳим дошта, он дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
«Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот ба ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тӯли таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллати зинда боқӣ мондааст», — афзуд номбурда.
Таъкид гардид, ки эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштани Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ-ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






