ҶАШНИ ТИРГОН. Он ҳамчун воситаи маъмули сайёҳии миллӣ муаррифӣ гардид

Июль 1, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин макон, дар баробари дигар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил шуда, ин ҷашни қадимаи тоҷикон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои «Сада», «Тиргон», «Меҳргон», идҳои «Зардолу», «Харбуза ва асал», эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба мамлакати офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии аграрӣ мусоидат менамояд.

Меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо дар арафаи идҳои миллии мардумӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад