Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7 нафар дар озмуни эссеи беҳтарини Туркманистон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Июль 1, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳамияти ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ барои таъмини сулҳ ва амният дар сайёра»-таҳти чунин унвон аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон озмуни эссеи беҳтарин баргузор гардид. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни мазкур 7 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳавасмандагрдонии ғолибони ин озмун доир гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадов иброз намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур тақвияти дӯстии ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба озмуни зиёда аз 80 мавод аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ирсол гардида, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 мавод пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “Дарҳои кушода”-ро пеш гирифт.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сол то сол самти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳро рушд дода, барои устодону донишҷӯён имконияти бештари муаррифии илми ватаниро дар арсаи ҷаҳонӣ муҳайё сохтааст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
«TEENEAGLE». Хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Маркази миллии тестӣ: «Даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид»
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони Пажуҳишгоҳи кореягии тадқиқоти роҳи оҳан вохӯрӣ доир гардид
Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис меёбанд
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе бо намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон 11 стратегияву, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд
ҶАВОНОН — ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Хоруғ ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
«МАКТАБИ ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ баргузор шуд
«Ваҳдати миллӣ — таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ», — бардошт аз ҳамоиш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон