Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 39-и Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз,ки 15-18 июл дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея доир гардид, лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (CASP+) тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишномаи оид ба маблағгузории лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 18 июл ба имзо расонида шуда, ҳадафаш мусоидат барои гузариш ба самти устувори рушд бо дарназардошти коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.
Лоиҳа аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ ва аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ татбиқ мегардад.
Фонди иқлими сабз соли 2010, тибқи қарори Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) бо мақсади дастгирии кӯшишҳои давлатҳои дар ҳоли рушд барои вокуниш ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад






