Чаро сокинон амволашонро бо маблағи зиёд харидорӣ, вале бо маблағи хеле кам суғурта менамоянд?
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мардум хонаҳои боҳашамат месозанд, мошинҳои қиматбаҳо мехаранд, мағоза ба истифода медиҳанд, аммо ба маблағи кам суғуртаи ихтиёрӣ мекунанд ё тамоман суғурта намекунанд. Чунин иброз дошт бо нигаронӣ Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода 29 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Шуҳрат Мақсудзода гуфт, ки маблағи суғуртаи онҳо аксаран 1,2 фоизи амволи онҳоро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст.
Ҳангоме ки ягон ҳодисаи нохуш рух медиҳад, шахсоне, ки суғуртаи ихтиёрӣ кардаанд, муроҷиат мекунанд, то маблағи зарардидаи амволи онҳо пардохт карда шавад. Вале, мутаассифона, маблағи суғуртаи онҳо ба амволи зарардидаашон мувофиқ нест ва онҳо аз ин изҳори норозигӣ мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки амволашонро бо маблағи зиёд харидорӣ, вале бо маблағи хеле кам суғурта кардаанд, чунин шарҳ дод директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта».
Ҳоло барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ нисбат ба суғуртакунӣ имрӯзҳо дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» машғулият гузаронида мешавад. Дар ин машғулият мутахассисон саводнокии молиявӣ, мақсад ва моҳияти суғурта намуданро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаш моҳи имсол бо сабаби офатҳои табиӣ бархе оилаҳо хисороти иқтисодӣ диданд. Аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрии амволи шаҳрвандон ба зиёда аз 110 нафар маблағҳои суғуртавӣ пардохт карда шуданд, ки беш аз 1 миллиону 393 ҳазор сомониро ташкил доданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






