Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад»

Июль 5, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Антониу Гутерриш дар идома тазаккур дод, ки Тоҷикистон метавонад дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризм ба Созмони Милали Муттаҳид такя намояд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори умед намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши пешбарандаи худро, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дорад, идома медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд