Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид

Июль 6, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 1 то 6 июли соли 2024, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи мулоқот тарафҳо баррасии масъаларо идома дода, оид ба тавсифи хатти сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо корҳоро дар ин самт, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди  Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Июль 6, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд