Дар Деваштич дар мавзуи технологияи парвариши картошка машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 600 ҳазору 63 тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 37 ҳазору 139 тонна зиёд мебошад, иттилоъ дод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон», ки 20 июли соли равон дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Тавре дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори машварат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок намуд.
Дар доираи баргузории машварат иштирокдорон давоми чанд рӯз аз таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои кишту парвариш ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич аз наздик шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳияи Деваштич 230 ҳазору 6 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ 108 ҳазор тонна, Панҷакент 74 ҳазору 154 тонна, Истаравшан 63 ҳазору 32 тонна, Шаҳристон 49 ҳазору 10 тонна, Исфара 22 ҳазору 958 тонна ва Айнӣ 21 ҳазору 653 тонна, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 568 ҳазору 813 тоннаро дар вилоят дар бар мегирад.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соҳаи картошкапарварӣ рушд ёфта, яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин ба иштирокдорони машварати ҷумҳуриявӣ барои истифодаи роҳу усулҳои нави парвариши картошкапарварӣ тавсияҳо дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори машварат намояндагони кумитаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, намояндагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагидорон иштирок намуда, мутахассисони соҳаи кишоварзии мамлакат оид ба парвариш, коркард, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот маърӯзаҳо намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






