Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд

Июль 24, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ 30 майи соли равон дастур доданд, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, инчунин рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва геология дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шавад.

Дар робита ба ин дар ҳайати 4 кафедра, 9 ихтисос ва шумораи мавҷудаи ҳайати устодону донишҷӯёни кафедраҳои марбута факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ 28 патент ба даст оварда шуда, 9 монография тариқи шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва 8 монография тариқи шуроҳои берун аз донишгоҳ ба нашр расидаанд.

Иброз гардид, ки аз шумораи 2031 нафар донишҷӯйе, ки донишгоҳро хатм намуд, ба 1916 нафар дипломи муқаррарии бакалавр, ба 56 нафар дипломи муқаррарии магистр, ба 38 нафар дипломи аълои бакалавр ва ба 18 нафар дипломи аълои магистр дода шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ

 

Июль 24, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид