Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд

Июль 26, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо иштироки мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд Георгий Лалиашвилӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои бонкӣ ва суғуртавӣ чорабинӣ ҷиҳати муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба интишор ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин беҳтар намудани шароити хариду хизматрасонии онҳо дар бозорҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд.

Юсуф Маҷидӣ вобаста ба барориши қаблии коғазҳои қиматноки давлатӣ маълумот пешниҳод намуда, аҳамияти ҳамкории фаъолонаро бо бонкҳо ва ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади дастгирии суботи бозори молиявӣ ва таъмини фаъолияти самараноки низоми молияи давлатӣ таъкид намуд.

Аз ҷониби мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд  рӯнамо дар мавзуи самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Вазорати молия ва инчунин тавсияҳои Бонки Осиёии рушд вобаста ба ҳавасмандгардонии минбаъдаи бозор ва афзоиши шумораи иштирокчиёну сармоягузорон пешниҳод гардид.

Дар интиҳо иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳо барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид