Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба маблағи беш аз 153 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба маблағи беш аз 153 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Субъектҳои соҳибкорӣ дар муқоиса ба 6 моҳи аввали соли 2023 дар ноҳия 185 адад зиёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 153 миллиону 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 100,6 фоизро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 37550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Мастчоҳ гардиши савдои чакана 217 миллиону 741 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион зиёд мебошад, ки 119,5 фоизро дар бар мегирад.
АКС аз бойгонӣ








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд






