Дар Маркази миллии патенту иттилоот бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ доир гардид

Июль 6, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 06.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл  дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо  намояндагони  Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд, дар мулоқот  директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода, Сардори Намояндагӣ — Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Карболис ва  менеҷери барномавии намояндагии Иттиҳод Карин Олислагерс иштирок намуданд.

Дар раванди музокирот боби 8-и лоиҳаи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (Enhanced Partnership and Cooperation Agreement), ки масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро дар бар мегирад, муҳокима гардид.

Натиҷаҳои назаррас вобаста ба моҳияти муқаррароти санади номбаршуда ва ҳамоҳансозии он ба қонунгузории соҳавии тарафҳо ба даст оварда шуданд.

АКС: Маркази миллии патенту иттилоот

Июль 6, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ