Дар шаҳри Хоруғ ситоди махсуси Форуми соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024» таъсис ёфт

Июль 23, 2024 10:51

ХОРУҒ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 июл дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест–2024» баргузор мешавад. Дар робита ба ин, дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ситод оид ба омодагӣ ба баргузории Форуми байналмиллалии соҳибкориву сармоягузории «Помир Инвест -2024» ба фаъолияти худ оғоз кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форум барои пешрафти соҳаи иқтисодии вилоят хеле муҳим буда, яке аз ҳадафҳои он ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушду равнақи соҳибкорӣ дар ин манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадафи дигари ин ҳамоиши сатҳи байналмиллӣ муҳайё сохтани шароити созгор барои тавсеаи ҳамкории муштарак дар самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.

Аъзои ситод муввазаф гардиданд, ки барои қабули меҳмонон ва иштирокчиён шароити мусоиди корӣ муҳайё намоянд. Дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест–2024» намояндагони масъули вазорату кумитаҳо, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи соҳибкорию сармоягузории шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

Дар форумҳои қаблии саҳибкориву сармоягузории «Помиринвест» чандин қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва дар пайи ин қарордодҳо корхонаҳои оҳану бетонии мавсум ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷаназар», коркарди истеҳсоли қуму шағали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарид-Хоруғ» ва «Помир-энергосервис» ба фаъолият шурӯъ карданд, ки имрӯз дар таъмини биноҳои гуногуни маъмурӣ, саноатию истиқоматӣ бо масолеҳи маҳаллии сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақши муассир мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид