Дар Тоҷикистон дар 16 хоҷагӣ гулмоҳӣ парвариш карда мешавад

Июль 17, 2024 07:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷик» 385  хоҷагии моҳипаварӣ фаъолият мекунад, ки дар 16 хоҷагии он гулмоҳӣ парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори  Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷик» Умед Солиев хабар дод.

Номбурда изҳор дошт, ки  «моҳипарварӣ  соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, сол ба сол таваҷҷуҳ ба он  зиёд мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат  ба  моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда, барои беҳтар намудани  вазъи соҳа якчанд барномаҳо қабул намудааст».

«Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат шумораи хоҷагиҳои моҳипаварӣ афзун гардида, дастрасӣ ба он низ бештар шудааст. Яке аз хоҷагиҳои моҳипаварии фаъол ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» аст, ки  ба парвариши гулмоҳӣ  машғул мебошад. Гӯшти гулмоҳӣ нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазизтар буда, як килои он  бо арзиши 50 сомонӣ ба  фурӯш гузошта мешавад»,-афзуд Умед Солиев.

Бояд тазаккур дод, ки моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол рушд меёбад. Бо мақсади пешрафти минбаъдаи соҳа ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2019 моҳипарварон аз пардохти шаш намуди андоз, аз ҷумла андоз аз воридоти технологияву таҷҳизот ва хӯрока озод шуданд. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки тибқи он, ин соҳаҳо бештар рушд хоҳад ёфт.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи моҳиипарварӣ,  дар ҷумҳурӣ моҳиҳои  гармидӯстдор ва хунукидӯстдор,  аз ҷумла моҳии амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ  ва гулмоҳӣ парвариш карда мешаванд.   Зеро ин гуна    моҳиҳо  ба шароити Тоҷикистон бисёр мувофиқ мебошанд.  Хоҷагиҳои  деҳқонӣ- кооперативӣ ва фермерӣ-деҳқоние, ки  дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, бештар ба парвариши  моҳиҳои гармидӯстдор  машғул мебошанд. Дар айни замон талабот ба гулмоҳӣ низ бештар гардидааст.

Гулмоҳӣ дар дарёчаҳо ва шохоби дарёҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Вобаста ба муҳити сукунат рангашро тағйир медиҳад. Вазнаш 1-2 кг буда, дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад. Гулмоҳӣ моҳҳои октябр — ноябр то 1500 дона тухм (қутраш 4-5 мм) мегузорад. Тухмҳо тӯли 2-3 моҳ инкишоф меёбанд. Дар Тоҷикистон навъҳои гулмоҳии иссиқкӯлӣ,  омударёӣ ва рангин павариш карда мешавад.

Гулмоҳии иссиқкӯлӣ асосан, дар кӯли Севан (Арманистон) зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 50-70 см, вазнаш то 4-5 кг (баъзан 10-15 кг). Сари калон ва пешонии фарох дорад. Дар 3-4-солагӣ болиғ мегардад. Соли 1930 ба Иссиқкӯл ва соли 1982 ба Яшилкӯли Помир оварда шудааст. Гулмоҳии омударёӣ бошад дар болооби деҳаҳои Варзоб, Хонақоҳ, Сурхоб, Кофарниҳон, Сардаи Миёна, Сорбо, Вахш, Обихингоб, обанбори Норак зиндагӣ мекунад. Моҳии сиёҳтоб, шикамаш сафед ё зарди тилоранг, паҳлу ва болҳояш холҳои сиёҳранги норинҷӣ ва сурху нилгун доранд. Танаш дарозрӯя (то 50 см), вазнаш 200—500 г. Дар 2-4-солагӣ болиғ мешавад. Нимаи дуввуми август ба саргаҳи дарёҳо шино карда, моҳҳои сентябр — октябр тухм (0,4-2,5 ҳазор) мегузорад.

Гулмоҳии рангин солҳои 80-уми  асри 20 ба шароити обанбори Норак мутобиқ карда шудааст. Онро дар корхонаҳои гулмоҳипарварии Кофарниҳон низ мепарваранд. Дарозиаш 80-90 см, вазнаш аз 2 то 7 кг, дар паҳлу рахи паҳни ранга дорад. Дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад. Соли 1982 кормандони Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои дар қафасҳои симтӯрӣ парваридани гулмоҳии рангин таҷриба карданд. Маълум гардид, ки моҳичаҳо баъди 25-50 г вазн гирифтанашон барои парвариш мувофиқ мегарданд. Ба моҳиҳо орди устухон, шири хушки беравған, кунҷораи соя, орди обсабзҳо, равғани рустанӣ ва ғайра дода мешавад.

Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети  мамлакат даромади калон меорад. Мувофиқи маълумоти олимону мутахассисон, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 гулмоҳии амударёии Тоҷикистон бо сипосномаи ширкати байналмилалии «Slow Food» қадрдонӣ гардид. Гулмоҳии амударёӣ, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2024 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим бо роҳбари САҲА дар Душанбе баррасӣ гардид
Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 фоиз зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ идома дорад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ саҳми назаррас дорад
Вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд