Дар Тоҷикистон филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон ва Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи амалишавии созишнома бунёди филиали Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозомӯзии мутахассисони ду мамлакат дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, Созишномаи ҳамкорӣ дар доираи сафари кории Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.
Зимни ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ муовини директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Тоҷикистон Файзалӣ Қосимов ва роҳбарияти Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






