Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»

Июль 31, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз моҳи январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент таъсис дода шавад. Ибтидои соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Хуршед Файзуллозода мусоҳиба баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»: Соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Агарчӣ аз таъсиси Агентӣ муҳлати зиёд нагузаштааст, метавонед бигӯед, ки то имрӯз кадом корҳои ба нақша гирифта иҷро шуданд?

Хуршед Файзуллозода: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.

Таъсис ёфтани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низ идомаи мантиқии ислоҳоти сохторӣ мебошад.

Мақомоти навтаъсис ба ҷорӣ намудани имконияти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мутобиқ ба равандҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ замина мегузорад.

Дар маҷмуъ, Агентӣ бо мақсади устувор намудани асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтор ва васеъ кардани раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», инчунин танзими раванди пурраи ҷорӣ гардидани пардохти ғайринақдӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади дастрасии осон ва боэътимод ба хизматрасонии давлатӣ низоми ҳамгироии байнисоҳавии иттилоотӣ бо назардошти афзалияти таъмини мубодилаи саривақтии маълумоти электронӣ тариқи махзанҳои мавҷуда барои ҷорӣ намудан омода мебошад.

Бо чунин тарз ҳамгироии байниидоравӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳифзи маълумот, пешгирии ифшои он ва амалӣ намудани равандҳои таъмини амнияти иттилоотӣ бо истифода аз усулҳои криптографӣ танзим карда мешавад.

Дар асл, фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ба фаъолияти марҳилавӣ мансубият дорад, зеро ҳар гузариш таҳлилҳои дақиқу асоснок талаб менамояд.

АМИТ «Ховар»: Барои омода кардани кадрҳои соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ кадом тадбирҳо амалӣ мешаванд?

Хуршед Файзуллозода: Баҳри омода кардани мутахассисони соҳавӣ Агентӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ вохӯриҳо анҷом дода, кор мебарад.

Бояд гуфт, ки бо ин мақсад дар намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе аллакай факултет оид ба ҳимояи киберӣ ифтитоҳ ёфтааст.

Агентӣ мақсад дорад, ки ин равандро бо дигар муассисаҳои таҳсилотӣ низ идома диҳад.

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷониби Қазоқистон мутахассисони соҳа ба даврҳои омӯзишии маҷозӣ тибқи тартиби муқарраргардида фаро гирифта шудаанд.

Дар баробари ин Агентӣ нақша дорад, ки барои омода намудани ҳайати кадрӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ даврҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монад.

АМИТ «Ховар»: Вазифаҳои Агентӣ аз чӣ иборат мебошанд ва таҷрибаи кадом кишварҳо мавриди омӯзиши мутахассисон қарор дорад?

Хуршед Файзуллозода: Тибқи Низомнома, Агентӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти инноватсия, идоракунӣ ва танзими раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, имзои электронӣ, савдои электронӣ, танзими зеҳни сунъӣ, такмили равандҳои технологӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти фаъолият мебошад.

Бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва рушди инноватсия дар мамлакат таҷрибаи кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳо дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дошта, барои фароҳамсозии шароити мусоиди рушд бо бахши хусусӣ низ ҳамкорӣ тақвият дода мешавад.

Агентӣ мақсад дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дода, барои мукаммалгардонии фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешад.

АМИТ «Ховар»: Моҳи майи имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат оид ба робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон изҳори назар намуданд. Ҳоло раванди робитаи илм бо истеҳсолот дар кадом сатҳ қарор дорад?

Хуршед Файзуллозода: Албатта, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар доираи дастуру супоришҳо тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба амал бароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ташаккул додани самти инноватсионии рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад.

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 пешрафти минбаъда дар асоси гузариш аз сенарияи индустриалӣ ба индустриалӣ-инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва рушди илмию инноватсионӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Инноватсия мафҳуми навовариро ифода менамояд, ки дар мамлакат барои истифода дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳим дониста мешавад.

Яъне, бо назардошти чунин ҳуҷҷатҳо барои ҷорӣ намудани технология дар дилхоҳ соҳа шароит фароҳам оварда шуда, навоварӣ ба амал бароварда мешавад.

Агар дар мисоли соҳаи бонкӣ дида бароем, метавон гуфт, ки давоми чанд соли охир ислоҳоти инноватсионӣ ба роҳ монда шуд ва дар натиҷа дар низоми бонкӣ маҳсулот дар шакли ҳамёни электронӣ ҷорӣ гардид.

Дар дигар соҳаҳо низ имконияти ҷорӣ намудани инноватсия ҷой дорад, зеро шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инноватсионӣ-технологӣ ба ҷуз аз андозҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ) дигар аз тамоми намуди андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад.

Минбаъд низ дар ин самт дар асоси таҷрибаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба зеҳни сунъӣ ва дастовардҳои ҷумҳурии мо дар ин самт чӣ маълумот дода метавонед?

Хуршед Файзуллозода: Яке аз дастовардҳои мамлакат соли 2022 қабул гардидани Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад, ки он бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Дар Стратегия ба гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардониву хизматрасонӣ афзалият дода мешавад.

Бо назардошти он ки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд, истифодаи имконияти мавҷуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оянда имконият медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ ва яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ дар мамлакат гарданд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасонии давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.

Суҳбати А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол гардидааст
Таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
Коршиносони Кореяи Ҷанубӣ бо истеҳсолот ва дарсҳои амалӣ дар корхонаи «Гулистони Душанбе» шинос шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Форуми сармоягузории гузариши энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ дар Боку иштирок намуд
Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон: «Ҳангоми муомилот бо пули нақд эҳтиёткор бошед!»
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ иштирок намуд