«ҲИФЗИ МОРХӮР: СТРАТЕГИЯҲО ВА ТАҶРИБАҲОИ САМАРАНОК». Таҳти ин унвон дар Ню-Йорк доир ба ташаббуси Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Июль 24, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк,  дар доираи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии морхӯр» ҳамоиши канорӣ дар мавзуи «Ҳифзи морхӯр: Стратегияҳо ва таҷрибаҳои самаранок» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ташкил шуда, ҳадафи он дар якҷоягӣ бо ҷонибҳои манфиатдор баррасӣ намудани масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ, такмил додани амалҳо барои ҳифзи морхӯр ва муҳити зисти он, бо тамаркуз ба аҳаммияти ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр,  пешниҳоди  ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, инчунин сафарбар кардани кумак барои тадбирҳои ҳифзи морхӯр иборат буд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аҳаммияти қабули қатъномаи «Рӯзи байналмилалии морхӯр»-ро, ки бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии морхӯр», ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид буд, таъкид карда, иброз дошт, ки сарфи назар аз мушкилот, Тоҷикистон тавассути таъсиси мамнӯъгоҳҳо, тадбирҳои мушаххас ва корҳои фаҳмондадиҳӣ,  саршумори морхӯрро аз 700 сар дар солҳои 1990 ба беш аз 6000 сар дар соли 2022 бомуваффақият афзоиш додааст.

Дар чорабинии мазкур намояндагони доимии Покистон, Узбекистон дар Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист дар Ню-Йорк ва дигар намояндагони кишварҳои узви  Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ташаббуси Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон гардидани 24 май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии морхӯр» истиқбол карда, аҳамияти баргузории чорабинии мазкурро оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, баланд арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш таҷрибаи нодири давлати мо дар самти ҳифз ва нигаҳдории морхӯр таъкид шуда, даъват гардид, ки дар дигар кишварҳо ареали ин ҳайвони нотакрор истифода бурда шавад.

Баҳодур Шерализода аз ҳозирин даъват намуд, ки  дар Конфронси 9-уми  ҷаҳонӣ оид ба намудҳои нодири ҳайвоноти ҷуфтсум, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад,иштирок намоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 24, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд