Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор дар назар аст

Июль 13, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 13 то 15 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани сел боқӣ мемонад. 13-15 июл дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат  хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14  дараҷа гарм, рӯзона 26+31  дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21  дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад