Корхонаи «Сирдарё» дар як шабонарӯз то 5 ҳазор қуттӣ шарбату афшура омода мекунад
ДУШАНБЕ, 03.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» дар як шабонарӯз беш аз 10 тонна маҳсулотро коркард намуда, аз он то 5 ҳазор қуттӣ шарбату афшура омода менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар ин корхона бо ному тамғаҳои гуногун обҳои ташнагишикан ва афшураҳои гуногун истеҳсол гардида, меваву сабзавот пурра коркард мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳамасола корхона олуча, зардолу, шафтолу, анору себ, помидор ва бодирингро аз деҳқонон қабул намуда, маҳсулоти тайёри онро ба бозорҳои дохилӣ, инчунин давлатҳои гуногун содирот мекунад.
Дар корхона айни замон беш аз 40 нафар бо ҷойи кор таъминанд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» ба масъулин барои ҳарчи бештар харидорӣ намудани меваҳои шаҳдбор аз деҳқонон ва коркарду содироти маҳсулот тавсияҳои муфид дод.
Инчунин Раиси вилоят дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Само» бо номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос гардид.
Дар ин корхона лампаҳои каммасраф ва равшанидиҳанда истеҳсол шуда, кормандони ширкат дар чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо ва насби камераҳои назоратӣ таҷрибаи хуб доранд. Дар корхона 50 нафар бо кор таъминанд, ки аксари онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва иҷрои корҳои чароғонкунӣ саҳми хешро гузоштаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






