«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Корвони саломатӣ» фаъолият намуда, сокинон имкон доранд аз ташхис ва табобати ройгон истифода намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Дар «Корвони саломатӣ» ташхис ва табобати бемориҳои даруна, кӯдакона, занона, асабшиноси кӯдакона ва калонсол, ҷарроҳии асаб, табобати бемориҳои дил, чашм, табобати равматолог, нефролог, ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндокринолог, табибони функсионалист, рентгеншинос, табобати урологӣ, табобати саратоншинос, табобати мамологро дар бар мегирад.
«Корвони саломатӣ» имкон медиҳад, то сокинони вилоят дар баробари истифода аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ, ҳамзамон аз тавсия ва маслиҳати табибони соҳибтаҷрибаи мамлакат низ бархӯрдор гардида, баҳри таъмини солимии хеш тавсияҳои муфид бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат ҳаракати тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» ташкил гардидааст, ки дар доираи он сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






