МАҲСУЛОТИ ЗУДВАЙРОНШАВАНДА. Бо баланд шудани ҳарорат «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои Тоҷикистон санҷиш мегузаронад
ДУШАНБЕ, 29.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорат аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бехатарии молу маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат санҷиш гузаронида мешавад. Дар ин хусус директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз ҷониби масъулин фурӯши молу маҳсулоти зудвайроншаванда, бахусус обҳои ташнагишикан ва маҳсулоте, ки дар шароити хона тайёр мешаванд, таҳти санҷиш қарор дода шуда, пайваста назорат мешаванд», — гуфта шуд дар идома.
Зимни баргузории санҷишҳо аз ҷониби мутасаддиёни агентӣ байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, ба тарзу усули нигоҳ доштани маҳсулот диққати асосӣ дода мешавад. Бахусус ба соҳибкорон роҳҳои нигоҳдории маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва тухмиву кишоварзӣ фаҳмонида мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳолатҳои вайрон шудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ таъмин намудани мағозаҳо бо яхдонҳои замонавӣ вазифаи асосии соҳибкорон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ 708 ҳазору 903 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ сабт шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (478 ҳазору 366 кг) ва қисми дигари он аз рӯйи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (332 ҳазору 537 кг) ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Инчунин дар озмоишгоҳҳои ташхисии молу маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯйи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 49 ҳазору 698 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 155 ҳазору 976 кг равғани растанӣ, 20 ҳазору 2209 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 9240 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3920 кг маҳсулоти қаннодӣ, 13 ҳазору 687 кг маҳсулоти ширӣ, 240 кг иловагиҳои орд, 9537 кг консерва ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Агентии «Тоҷикстандарт» ба истеъмолкунандагон тавсия медиҳад, ки дар вақти харидорӣ намудани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд.
Инчунин бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо Агентии «Тоҷикстандарт» таҷрибаи пешбурди назорати ҷамъиятиро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат муваффақона давом медиҳад. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва рақами Viber-ии мақомот (988-50-22-22), инчунин телефони боварии 2 33 68 69 фаъол мебошад, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд.
Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






