Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Қалъаи Ҳисор бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян Арк, Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандӣ ва осорхонаи таърихию фарҳангии мамнуъгоҳро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги гузаштаи шаҳри бостонии Ҳисор шинос гардид ва ба он баҳои баланд дод.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






