НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият дорад

Июль 22, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 июни соли 2024, дар Вазорати фарҳанг 179 рӯзнома, аз инҳо 126 давлатӣ ва 53 мустақил, 154 маҷалла, аз инҳо 129 давлатӣ ва 25 мустақил, 110 матбаа, аз инҳо 21 давлатӣ, 89 мустақил, 27 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ, 26 мустақил, 12 нашриёт, аз инҳо 6 давлатӣ ва 6 муастақил, 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матуботии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла чоп мегардид. Агар дар аввали соҳибистиқлолии мамлакат як агентии иттилоолӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 6 адад расидааст, ки 5-тои он ғайридавлатӣ мебошанд. Агар дар замони пеш аз истиқлол, дар қаламрави мамлакат 1 шабакаи телевизону 1 радио амал мекард, имрӯз зиёда аз 50 шабакаҳои радио ва телевизионӣ фаъолият доранд, ки 28-тои он хусусӣ мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ду шабакаи телевизионӣ- «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ҷомеаи демократӣ матбуот воситаи асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд