НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавиро баррасӣ ва мувофиқа намуд

Июль 30, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 246 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ- забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавиро барои мутобиқат намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намуд. Дар ин хусус раиси ин Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ба соҳибкорон пеш аз бақайдгирии расмии фаъолияти тиҷоратӣ, яъне номгузории марказу мағозаҳои савдо хулосаи забоншиносӣ пешниҳод мегардад, ки мақсади он аз байн бурдани ғалатнависӣ дар номи мағозаву дӯконҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

«Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 22 нафар моҳиятан баррасӣ карда шуда, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 22 ҳазору 968 сомонӣ таъйин гардид, ки аз ин маблағ 9936 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд», -афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 бо мақсади санҷиши вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 8 мақомоту муассисаи давлатӣ мавриди назорату санҷиш қарор дода шуд.

«Илова бар ин намояндаи Кумита дар ҳайати гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-ро дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» мавриди санҷиш ва назорат қарор дод», -иброз дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд