«Ноқили Талко» сазовори баландтарин ҷоизаи ИДМ – «Дастовардҳо дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду корхонаи Тоҷикистон сазовори баландтарин Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дастовардҳо дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ» гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» (истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамға) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҷр» (истеҳсоли борҷома ва халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ) сазовори Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дастовардҳо дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ» гардиданд. Бо ин мақсад 29 июл дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамоиш доир гардида, ҷоиза ба роҳбарияти ин корхонаҳо тақдим шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳи марти соли 2024 дар ҷаласаи Шурои иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, бо қарори ҳакамон ин корхонаҳо сазовори ҷоизаҳои баландтарини озмун гардиданд. 20 июли имсол дар ҷаласаи 65 –уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (МГС), ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ҷоизаҳои пешбинигардида дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Натиҷаи ин аст, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардид.
Имрӯзҳо саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, дар ин самт ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург барои рушди низоми инноватсионии саноати миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Сиёсати созанда ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои ин соҳа сабаб гардид, ки барои таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронида давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бо ҳазорон ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҷоизаи бадастовардаи корхонаи саноатии мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ низ гувоҳи рушди соҳа мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






