Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани: «Дар самти таъмини оби нушокӣ хамкориро тақвият мебахшем»
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз сафар ба Тоҷикистон хушҳолу сарфарозам. Ин сафари дуюми ман ба ҳайси ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ аст. Ман аз тамошои табиати зебою нотакрори Тоҷикистон, шиносоӣ бо фарҳанги қадима ва меҳмоннавозии самимии мардуми он хеле хушҳол шудам. Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи шарикӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ намудем. Зимни суҳбат инчунин самтҳои ояндадор, ки метавонанд боиси амиқтар ва густариш ёфтани ҳамкорӣ гарданд, баррасӣ шуданд. Мо ба хулоса омадем, ки дар самти таъмини оби нушокӣ ҳамкориро тақвият бахшем, — гуфт Антонелла Бассани дар нишасти матбуотӣ, ки 1 июл пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 1 июл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки «Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии худ медонад».
Таъкид гардид, ки давоми 30 соли ҳамкории пурсамар ҳаҷми маблағгузории Бонк аз Ассосиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар маҷмуъ беш аз 190 лоиҳаро бо маблағи умумии зиёда аз 3,2 миллиард доллар ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






