«ҶОМЕАИ СОЛИМ». Таҳти чунин унвон дар Москва форум доир ба соҳаи тандурустӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи саломатии аҳолӣ, навсозии соҳаи тандурустӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии соҳа, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, навоварӣ дар табобат ва пешгирии бемориҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия зимни баргузории Форум доир ба соҳаи тандурустӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, дар форум зиёда аз 1000 нафар аз 17 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода иброз дошт, ки ҳоло ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ оид ба муқовимат ба бемориҳои сироятӣ, назорати эпидемиологӣ, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, инчунин расонидани ёрии махсуси тиббӣ ва дорусозӣ бо суръати баланд рушд дорад.
Таъкид гардид, ки амалӣ намудани робитаҳои мустақим байни вазоратҳои тандурустии ҳарду мамлакат ба рушди самараноки равобити дуҷониба дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






