ҶОМИ «INNOPROM — 2024». Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар ин мусобиқот иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 июли соли равоннахустин маротиба дар таърихи вилояти Свердловски Федератсияи Русия Мусобиқоти «Ҷоми ИННОПРОМ-2024» байни дастаҳои футболи касбии давлатҳои иштирокчии «Намоишгоҳи саноатии байналмилалӣ «ИНОПРОМ–2024»» баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар ин мусобиқа иштирок менамояд.
Дар маҷмуъ ин мусобиқа нахустин маротиба бо иштироки 4 даста баргузор шуда, имконияти хуби санҷиши даста пеш аз мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои-2 Осиё мебошад.
Дастаҳои иштирокчӣ:
«Урал» (Русия)
«Қизилқум» (Узбекистон)
«Равшан» (Тоҷикистон)
«ИМТ-Белград» (Сербистон)
Бозиҳо дар Варзишгоҳ ва Академияи КФ «Урал» баргузор мешавад.
Бозиҳои ниманиҳоӣ 7-июл:
«Урал» (Русия) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Қизилқум» (Узбекистон) — «ИМТ-Белград» (Сербистон)
Бозӣ барои ҷои сеюм 10 июл.
Бозӣ барои ҷои чорум 11 июл.
Бояд гуфт, ки баъди бозгашт аз мусобиқа дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб машқу тамрини дастаҷамъонаи худро барои идомаи Чемпионати Тоҷикистон ва Лигаи қаҳрамонҳои-2 Осиё дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






