ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Корхонаҳои дӯзандагии Душанбе хонандагонро бо либоси мактабӣ пурра таъмин месозанд

Июль 4, 2024 13:15

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти хушсифат таъмин мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Имрӯз бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе масъулони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистон» бо рафти омода намудани либосҳои мактабӣ шинос гардиданд.

Корхонаи дӯзандагии «Гулистон» яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии  Тоҷикистон ба шумор меравад. Зимни шиносоӣ масъулин доир ба шароити истеҳсолот, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.

Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи «Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия шудааст, амалӣ карда мешавад. Ин тадбир имкон фароҳам овардааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сарулибоси мактабӣ харид намоянд.

Бояд гуфт, ки хариди сарулибоси ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе барои рушди саноати пойтахт, таъсис ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 4, 2024 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид