Пагоҳ дар Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар оғоз мегардад

Июль 31, 2024 17:50

 ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 август дар Тоҷикистон  маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии  шири модар гузаронида мешавад. Бахшида ба ин сана ҳар сол дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ вохӯриҳо, ҳамоиш  ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев  иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар  баргузор гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин  маърака ҳамчун даҳа аз 1 то 10 август доир карда мешавад.

Ба гуфти Зоир Набиев,  таҳлилҳои солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳанд, ки  додани шири модар ба кӯдак солҳои  пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳотҷойҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ Вазорати тандурустӣ дар ин самт корҳои фаҳмонидадиҳиро бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки шири сунъӣ истеъмол мекунанд,  то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Тавре сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ  ҳанӯз соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз  соли 1998  сар  карда,  дар  тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ мешавад. Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Барномаи миллии коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак- ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ ва  ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона  низ ба ҳисоб меравад. Аз ин  рӯ яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ  оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд