РУШДИ СОҲАИ ЗАНБӮРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 659 тонна асал истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ то нимаи моҳи июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 276,6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар мамлакат 659 тонна асал истеҳсол шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
Соҳаи занбурпарварӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 423 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 340 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба 39 нафар занбӯриасалпарвари инфиродии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг зимни суханронӣ дар машварати занбӯриасалпарварӣ изҳор доштанд, ки «Заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад».
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.
«Маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот карда шавад»,- афзуданд Сарвари давлат.
Бояд гуфт, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш, ҳакими бузурги машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ ҷой дода, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».
Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар мамлакатҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон васеъ мавриди истифода аст.
Мувофиқи тадқиқот, 70 фоизи дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр сабаби дарозумрии онҳо гардидааст.
Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» баргузор гардид
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд






