Шашмақомсарои тоҷик дар Озмуни байналмилалии «Мақом» сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шашмақомсарои тоҷик, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода дар Озмуни байналмилалии «Мақом» аз рӯйи номинаи «Иҷроиши якка» сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид.
Тавре дар Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додан, Озмуни байналмилалии «Мақом» дар Ҷумҳури Узбекистон доир гардида, дар он шашмақомсарои тоҷик Хуршед Иброҳимзода дар муддати 30 дақиқа аз рӯйи номинатсияи «Иҷроиши якка» панҷ сурудро иҷро намуда, ғолиби ҷойи аввал гардид.
Ба гуфти Хуршед Иброҳимзода, «ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ намудам».
Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур ҳар иштирокчӣ як силсилаасар аз сурудаҳои шашмақом бояд иҷро мекард.
Хуршед Иброҳимзода сурудҳои навро бо номи силсилаи «савти ушшоқ», «фурӯғи савти ушшоқ», «ушшоқи Содирхон», «соқиномаи савти ушшоқ», «тавқинчаи савти ушшоқ» иҷро намуда, аз ҷониби ҳакамони озмун баҳои баландро сазовор гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилали «Мақом» аз 26 то 30 июн дар Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






