СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд

Июль 16, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо соҳибкорон, фаъолзанон ва раисони кумитаҳои маҳаллии шаҳр аз ҳисоби занон вохӯрии судманд доир гардид. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, дар  вохӯрии мазкур масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғиби либоси миллӣ, ҳамзамон риоя ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу баррасӣ  гардиданд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода  соҳибкорзанонро  даъват намуд, ки ба фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни дигар соҳибкорзанони бозорҳои шаҳри Кӯлоб пурзӯр намоянд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода изҳори нигаронӣ кард, ки  баъзе занон  вақти пурқимати худро, ки бояд сарфи  тарбияи фарзандон гардад, зоеъ мегузаронанд ва  нисбат ба тарбияи  кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир карда, аз оқибати он андеша наменамоянд.

«Аз ин рӯ хоҳиш карда мешавад, ки дар тарбияи насли наврас хусусан модарон саҳми назаррас гузоранд»,- афзуд Арафамо Даминзода.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки модарон бояд дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва риоя намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд, зеро ин ҳама дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ кумак расонида, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донистани таърих ва урфу одатҳои тоҷикона тарбия намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Июль 16, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ