ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид

Июль 14, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 14.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ, дар майдони 62,5 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,3 ҳазор гектар зиёд мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то аввали моҳи июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 267 ҳазору 111 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 5601 тонна зиёд мебошад.

Кишоварзони мамлакат нақша доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 1550 гектар кишти такрории картошкаро гузаронанд. Ба ҳолати 11 июли соли равон, дар 3 гектар кишти такрории картошка гузаронида шудааст.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҳосили хуб аз тухмии босифат вобастагӣ дорад.

Дар робита ба тавсияҳои олимони соҳа, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои «Эволюшен» 250 тонна, «Аризона» 150 тонна ва «Пикассо» 100 тонна аз хориҷи мамлакат харидорӣ намуда, тибқи шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хочагиҳои деҳқонӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд.

Ҳамзамон аз фонди давлатии тухмӣ ба миқдори 500 тонна картошкаи тухмии сертификатсияшуда барои такрористеҳсолкунӣ ба хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати сари вақт ва самаранок амалигардонии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» барои кишти соли равон тухмиҳои сертификатсияшудаи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 1225 картошка тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ давлати аз ҳама зиёд картошкапарвар аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, соли 2021 ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 60 ҳазор тонна ва соли 2022 1 миллиону 108 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Тибқи таҳлилҳо, агар ҳар як сокини ҷумҳурӣ соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол кунад, пас дар як сол қариб 1,3 миллион тонна маҳсулот зарур аст. Ҳарчанд меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст. Яъне худи ҷумҳурӣ аҳолиро бо картошка таъмин карда метавонад. Воқеан истеъмоли картошка барои як нафар дар як сол беш аз 130 килограммро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, вобаста ба мавсим картошка аз дигар мамлакатҳо – Русия, Покистон ва Чин низ ворид мешавад.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуд ҳастанд, ба нест намудани радикалҳои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ месозад.

Ёдовар мешавем, ки 14-16 ноябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд дастур доданд, ки бо мақсади рушди соҳаи картошкапарварӣ «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва хӯрокҳои аз он омодашуда» доир карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол аст, ки «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» доир гардида, дар он олимони соҳа ба деҳқонон оид ба парвариши навъи беҳтарини картошка ва нашъу намои он тавсияҳои муфид доданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хатсайрҳои ҳавоиро афзоиш медиҳанд
Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт