Темур Раҳимов маротибаи дуюм парчамбардори дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мешавад

Июль 16, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Париж парчами дастаи мунтахаби Тоҷикистонро хоҳад бардошт. Темур Раҳимов 3 сол пеш дар маросими ифтитоҳ дар Олимпиадаи Токио низ парчамбардори дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Темур Раҳимов ҳамчун ҷудокори рақами яки ҷаҳон байни сангинвазнҳо роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб шуд. Мавсуф дар мусобиқаҳои «Сайри ҷаҳонии ҷудо» новобаста аз осебе, ки дошт имтиёзҳои лозимаро соҳиб шуда, роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

Қобили тазаккур аст, ки охирин мусобиқае, ки Темур Раҳимов пеш аз Бозиҳои олимпӣ иштирок кард — Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абу-Дабии АМА буд, ки мақоми 7-умро ба даст овард. Темур Раҳимов аз Алишер Юсупови узбек дар даври нимниҳоӣ мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Алишер Юсупов маротибаи аввал муқобили Темур Раҳимов ғалаба ба даст овард. Темур Раҳимов дар рақобати тасаллобахш аз ҷудокори бетараф ва рақиби азалии хеш Темерлан Башаев бо имтиёзи иппон шикаст хӯрда, мақоми 7-умро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар 32-юмин Бозиҳои олимпии Токио -2020 дар вазни +100кг Темур Раҳимов дар даври аввал намояндаи Куба — Энди Грандаро мағлуб карда, дар даври дуюм аз рақиби сарсахт қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 намояндаи Гурҷистон — Гурам Тушишвили мағлуб шуда буд.

Хотиррасон мешавем, ки Темур Раҳимов аз зумраи ҷудокорои серҷоизатарини Тоҷикистон буда, дорандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон соли 2017, барандаи 2 нишони нуқра ва як нишони биринҷии Чемпионати Осиё, қаҳрамони «Judo Grand Slam Baku-2022», дорандаи 2 медали нуқраи мусобиқати ҷудо байни устодон ва барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг – 2024 мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Июль 16, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад