Тоҷикистон ва Маҷористон ҳамкориро дар соҳаи авиатсия рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Директори генералии Агентии авиатсияи граждании Маҷористон Мате Ловингер доир гардид, ки дар он масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва васеъ намудани хатсайри парвозҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо матни лоиҳаи созишномаи ҳамкориро баррасӣ, мувофиқа ва парафгузорӣ намуданд. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки пас аз имзои Протоколи мувофиқашуда Созишномаи парафшударо муваққатан татбиқ намоянд.
Ҳайатҳо ҳадафҳои муштараки худро дар бобати боз ҳам зиёд намудани иқтидор барои тарғиби талаботи рӯзафзуни парвози ҳавоӣ байни Маҷористон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Ҳайати меҳмонон хушнудии худро нисбати меҳмоннавозии мардуми тоҷик, обу ҳавои тоза ва табиати дилфиреби сарзамини тоҷикон изҳор намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушду рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар дар фазои авиатсияи граждании ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






