То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз мушкилоти соҳа — ин аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ сари вақт ва пурра пардохт нашудани хароҷоти хизматрасонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати таъмин намудани истифодабарандагон бо об пурра иҷро намудаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзҳо мегардад. Ба ҳолати имрӯз бақияи қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нашудани хизмати обрасонӣ, бо дарназардошти солҳои пеш 234,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои дигари афзоиш ёфтани қарздории Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ паст будани тарифи хизмати обрасонӣ ва болоравии нархи неруи барқ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон барои корҳои сохтмонӣ ва мелиоративӣ 11,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ба маблағи 7,2 милион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расонида шуд. Кор дар ин самт бомаром идома дорад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки то охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро барқарор ва 6023 гектар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обиро беҳтар намояд. Ҳамчунин дар 18 328 метр корҳои мустаҳкамкунӣ гузаронад.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 524 410 гектар бо 75 292 истифодабарандагони об шартнома ба имзо расониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






