Захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва Кофарниҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам шудааст

Июль 25, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар доираи иҷрои чорабиниҳои «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ҷиҳати муайян намудани захираи барф мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон гузаронида шуд.

Тавре муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт: натиҷаи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ нишон дод, ки сарҳади қабати барфпӯш 1950-2700 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва Кофарниҳон -минтақаи Канаск 82 фоизи меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам мебошад.

Инчунин дар ин давра мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, ҳавзаи дарёҳои Саратоғи ноҳияи Айнӣ, Камароби ноҳияи Рашт, Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, Обихингоби ноҳияи Сангвор, Ванҷоб ва Ғунди Бадахшон корҳои барфченкуниро бо усули пиёдагардӣ ба анҷом расониданд, ки аз рӯи он ҳисоботҳо ва варақаҳои захираи барф омода гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст