10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 14 парчамбардор Тоҷикистонро муаррифӣ доранд

Август 10, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар шудааст. Имсол ин ид ба рӯзҳое рост меояд, ки тамоми варзишгарону мухлисони соҳаи варзиши ҷаҳон аз баргузории Бозиҳои олимпии Париж -2024, ки аз рӯйи 32 намуди варзиш идома дорад, истиқбол менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мояи хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони номвари Ватан аст, ки дар ин Бозиҳои олимпӣ Тоҷикистонро зиёда аз 14 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ намуда, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев аллакай бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.

Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз медорад, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

«Дар асл баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард», -изҳор дошт раиси кумита.

Мояи ифтихору шарафмандии мо, масъулини соҳа ва варзишгарон аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бундёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 934 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд иброз намуд, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст.


Тавре муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода изҳор дошт, танҳо давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 35 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 17 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин 2 миллиону 310 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 15 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.

«Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 муассисаи таълимии варзишӣ, мактабҳои маҳорати олӣ ва тайёрии варзишӣ, 48 федератсияи варзишии олимпӣ ва ғайриолимпӣ, 43 клуби варзишии футбол ва дигар намудҳои варзиш фаъолият менамоянд, ки дар он наврасону ҷавонон аз рӯи 45 намуди варзиш дар 4215 гурӯҳ ба машқу тамрини доимӣ фаро гирифта шудаанд», — гуфт ӯ.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.

Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуд.

Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат ба 318 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллиону 423 ҳазору 750 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҳз ҳамин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 7353 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2500 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифат, аз лиҳози ҷисмониву руҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар давлати ҷаҳон муҳиму зарурӣ ба шумор мераванд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз ин насли ҷавону умедбахш вобаста аст. Ҳукумати мамлакат ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони мамлакат бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Яке аз ин гуна тадбирҳо ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи варзишгарон ба ҳисоб меравад, ки аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш дарак медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд