33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятии футбол оғоз ёфт

Август 28, 2024 10:59

ХОРУҒ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи футболи маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол байни кӯдакону наврасони то 14-сола оғоз ёфт, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Мусобиқаи футбол то якуми сентябр идома ёфта, дастаҳои ғолиб бо медалу ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ мешаванд.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ташкил шуда, дар он чор даста аз шаҳри Хоруғ, ду даста аз ноҳияи Шуғнон ва яктимӣ аз ноҳияҳои  Роштқалъаву Ишкошим иштирок доранд.

Дар рӯзи аввал дастаҳои Шуғнон-1 ва Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр бозӣ карданд. Ҳарду даста ба ин сабқат бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, даври аввал бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи Шуғнон-1 ба анҷом расид. Дар ин рӯз дастаи Дашти боло низ бар дастаи Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр пирӯз шуд. Дар бозӣ бо дастаи Ишкошим дастаи Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр ғолиб омад.

Сармураббии дастаи кӯдакону наврасони вилоят Анвар Мамадзиёев гуфт, ки  «футбол бозии дастҷамъона  аст ва он дар ниҳоди ҳар кӯдаку наврас, қабл аз ҳама,  ҳисси дӯстӣ, рафоқат ва кумаку ҳамкориро тарбия мекунад. Ҳамчунин хислатҳои хуби инсонӣ, ба мисли  эҳсоси масъулият, ҳурмату эҳтироми бозигарони дастаҳои муқобил ва аз ҳама муҳим, ба қадри вақт расиданро дар замири кӯдакону наврасон ташаккул медиҳад».

Тобистони имсол  дар вилоят мусобиқаи «Футбол ба назди шумо меояд» байни кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва деҳот  баргузор шуд, ки дар он садҳо нафар футболбозони наврас иштирок намуданд. Бозиҳо нишон доданд, ки дар ҳайати дастаҳо кӯдакону наврасони бомаҳорату боистеъдод хеле зиёд ҳастанд. Агар мураббиҳо тамринро дуруст ба роҳ монанд, бо итминони комил  метавон гуфт,  ки дар оянда инҳо футболбозони номдори  ҷумҳурӣ хоҳанд шуд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 28, 2024 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд