35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд бинои иловагӣ сохта мешавад

Август 19, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд бинои иловагӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бинои нав аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа, аз таҳхона, ҳафт ошёна ва 120 кат иборат мешавад.

Бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ, беҳдошти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо ва муассисаҳои дигари тиббӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сиҳатии омма соҳаи афзалиятнок маҳсуб шуда, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт таҳкиму густариш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд аз калонтарин беморхонаҳо дар вилояти Суғд буда, дорои 12 шуъбаи махсуси ташхисию табобатӣ ва 290 кат мебошад. Дар он 52 табиб ва 135 кормандони миёнаи тиб фаъолият дошта, ба кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 19, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд