35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Боғи фарҳангию истироҳатӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бинои Қасри фарҳанг, нозироти андоз, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, Боғи фарҳангию истироҳатӣ ва дигар иншоот сохта, ба истифода дода мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд ва тибқи нақша сохта мешаванд. Сохтмончиён бояд ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулин ҳамзамон ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги ноҳия, равшаннамоӣ, шинонидани гулу буттаҳо, ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






