35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 475 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Август 31, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди беш аз 1000 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 475 адади он мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ҳоло дар шаҳр бунёди 40 бинои баландошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 беморхона, 5 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 меҳмонхона идома дорад.

Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош барои истифода омода гардидааст. Бино аз ду қабат ва 24 утоқи табобат ва ёрирасон иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шуд.

Инчунин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и деҳаи Абдусамади Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бинои иловагӣ барои истифода омода шудааст, ки имсол дари худро ба рӯйи хонандагон боз мекунад.

Бинои нав аз 12 синфхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, 600 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Мактаби навро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ таъмин намудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 31, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд